Эълон оид ба рӯйхати ихроҷи муҳоҷирони меҳнатӣ
Вазорати корҳои дохилӣ такроран ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки ба қонунҳои федералӣ оид ба будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия тағйиру иловаҳо ворид гардида, аз 5 феврали соли 2025 эътибори қонунӣ пайдо мекунанд.
Дар ин замина Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия низоми махсуси ихроҷ (депортатсия)-ро ҷорӣ намуда, дар “рӯйхати сиёҳ” зиёда аз 120 ҳазор шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар Федератсияи Россия бе қайди ҷойи буду бош ва кор ҳастанд, ҳамчун қонунвайронкунанда ба қайд гирифтааст.
Бинобар ин, аз ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки ба истиноди (силкаҳои) рӯйхати мазкур, ки дар сомонаҳои расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон mehnat.tj, migration.tj ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон vkd.tj ҷойгир карда шудаанд, даромада худ ва наздиконашонро санҷида бароянд.
Ҳангоми дар рӯйхат вуҷуд доштан худро рафта ба қайд монанд. Вале агар баргашта омада бошанд, ба Вазорати корҳои дохилӣ бо телефон хабар диҳанд.
Рӯйхати шаҳрвандони ВМКБ: Дидан
Рӯйхати шаҳрвандони ш.Душанбе: Дидан
Рӯйхати шаҳрвандони в.Хатлон: Дидан
Рӯйхати шаҳрвандони в.Суғд: Дидан
Рӯйхати шаҳрвандони ШНТҶ: Дидан
Телефонҳо барои маълумот:
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ: 250-32-40; 250-32-09; 250-32-42,
Хадамоти муҳоҷират: 225-05-95; 225-05-89; 225-05-77.
Вазорати корҳои дохилӣ: 227-86-31; 221-98-12; 938762626; 939220684.
https://migration.tj/habari-favrӣ-oid-ba-muҳoҷirat/