Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Саҳмгузорӣ дар тарбияи ҳуқуқии донишҷӯён

Ҳафтаи равон вохӯрии сардори Шуъбаи таҳқиқи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд полковники милитсия Маннонзода Алишер Комил бо донишҷӯёни факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров баргузор гашт. Мулоқоти маърифатӣ аз рӯйи нақшаи чорабиниҳои Хадамоти огоҳонии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар самти тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон доир гардид. Зеро дар робитаи доимӣ будан бо муассисаи таълимии мазкур ба Шуъбаи таҳқиқи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд вогузор шуда, баргузории вохӯриҳо ҷузъи корҳои тарбиявӣ мебошад. Ин навбат мулоқоти судманд бо донишҷӯни соли 2-юм ва 3-юми таҳсил гузаронида шуд.
Гуфтан ба маврид аст, ки ташкили вохӯриҳои тарбиявӣ аз ҷониби милитсияи Суғд бо донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ, коллеҷу омӯзишгоҳҳо ва хонандагони литсейю мактабҳои миёна баҳри пешгирии ҷинояткорӣ дар байни насли ҷавон ва роҳнамоии онҳо ба амалу рафтори шоиста нигаронида шудааст.
Зимни мулоқот намояндаи мақомоти корҳои дохилӣ дар баробари суханронӣ вобаста ба унсурҳои халалдоркунандаи тартиботи ҷамъиятӣ, вазъи ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, ҳолати хатарафзои пайравии баъзе шаҳрвандон ба ҳаракату равияҳои иртиҷоии характери экстремистӣ-террористӣ дошта, истифодаи нодуруст ва ғайримақсадноки шабакаҳои интернетӣ, тақлиду пайравӣ ба урфу одатҳои бегона, ҳамзамон оид ба шароитҳои фароҳамгардида барои ҷавонон ҷиҳати илмомӯзӣ ва рушди зеҳнии онҳо маълумот дод. 
Таъкид гардид, ки амнияту осоиштагии фароҳамгардида ба пешрафту тараққиёти давлати соҳибистиқлол замина гузошта имконият медиҳад, ки шароити зисту зиндагии мардум рӯз ба рӯз беҳтар шавад. Аз тарафи Ҳукумати мамлакат бо сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам нисбати ҷавонон ғамхориҳо зоҳир карда мешавад, то ин ки насли ҷавон босаводу қобилиятнок ба воя расанд. Масалан тайи якчанд сол мешавад, ки бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рӯ ба донишандӯзӣ овардани шаҳрвандон ва дарёфти чеҳраҳои дар ҳақиқат болаёқати донишманд озмунҳои гунгуни умумиҷумҳуриявӣ баргузор карда мешавад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ гуфта шуд, ки дар ҳама давру замон шахси босаводу соҳибкасб дар ҷомеа мавқеъи намоён дошту дорад. Полковники милитсия Алишер Маннонзода аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки пайваста дар пайи омӯзиш бошанду вақти худро самаранок истифода баранд.
Масъулини Шуъбаи таҳқиқи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар доираи нақшаи чорабиниҳои Раёсат вобаста ба  соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» уҳдадор мебошанд, ки моҳе як маротиба бо донишҷӯёни факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров вохӯрӣ баргузор намоянд. Бо оғоз гардидани давраи таҳсили соли 2024 дар мувофиқа бо роҳбарияти факултети мазкур мунтазам ингуна вохӯриҳо гузаронида шуда истодааст, ки ба ҷаҳонбинии донишҷӯён таъсиргузор хоҳад буд.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия

04.12.2024 16:43
39