Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД

4 декабри соли 2024  бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Воҳидҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 5-уми декабр таҷлил карда мешавад,  дар қароргоҳи Дастаи таъиноти махсуси милитсия бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро вобаста ба рӯзи таъсисёбии Дастаи таъиноти махсуси милитсия бо сухани табрикӣ баромад намуда, аз корнамоӣ ва ранҷу заҳмати кор мандони Воҳидҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳамбастагӣ бо дигар ниҳодҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таҳкими суботу оромӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ ёдовар гардид.
Ҳамзамон, таъкид намуд, ки ба души кормандони ин ниҳод вазифаҳои басо душвору масъулиятнок, ҳифзи марзу буми Ватан, амнияти шаҳрвандон ва мубориза бо гурӯҳҳои террористию экстремистӣ вогузор гардидааст.
Ҳайати шахсии ин сохтор дар набарду муборизаҳои вазнин аз мактаби шуҷоату мардонагӣ ва имтиҳону озмоишҳои сангин гузашта, ба як ниҳоди боэътимоди таъминкунандаи амнияти кишварамон табдил ёфтааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ ва мулоқот бо кормандони Вазорати корҳои дохилӣ аз ранҷу заҳмат ва корнамоиҳои кормандони ин ниҳод дар таҳкими суботу оромӣ ва мубориза бо дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор ёдовар гардида, хизмати содиқонаву садоқатмандонаи онҳоро қадр менамоянд.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш, маҳорати касбӣ, омодабошии ҷангӣ, дар шароити кӯҳсор, Марказҳои таълимии воҳидҳои таъиноти махсус таъсис дода шудааст, ки кормандони ин ниҳод дар онҳо маҳорати касбии худро такмил медиҳанд.
Имрӯз, воҳидҳои таъиноти махсус бо техникаи ҳарбӣ ва лавозимоти ҷангии муосир муҷаҳҳаз буда, кормандони он дар муассисаҳои таълимии дохил ва хориҷи кишвар аз мутахассисони ботаҷриба таълим мегиранд.
Дар арафаи ҷашни таъсисёбӣ бо фармони Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро як қатор кормандони Воҳидҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар ҷузъу томҳои он бо рутбаҳои навбатӣ, медалу нишонҳои сарисинагӣ, туҳфа ва мукофотҳои пулӣ қадршиносӣ гардиданд.
Дастгирию ғамхориҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони ин ниҳодро водор менамояд, ки вазифаю уҳдадориҳои хизматиро содиқона ва софдилона иҷро намуда, ҳифзи марзу бум, дастовардҳои замони истиқлол ва амнияти сокинони кишварро бо сарбаландӣ таъмин намоянд.
Мавриди қайд аст, ки Воҳидҳои таъиноти махсуси милитсия аз рӯзи таъсисёбӣ 5-уми декабри соли 1995 то ба имрӯз дар набарду муборизаҳои вазнин аз мактаби шуҷоату мардонагӣ ва имтиҳону озмоишҳои сангин гузашта, донишу маҳорат, малакаи касбӣ ва шаклу усулҳои кориро такмил дода, бо техникаву таҷҳизоти муосир таъмин ва ба як ниҳоди боэътимоди таъминкунандаи амнияти кишварамон табдил ёфтааст. 
Гул Маҳбуба, полковники милитсия

04.12.2024 14:16
301