Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баррасӣ гардидани роҳҳои мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ

3-юми декабри соли 2024 тариқи видеоконфронс 27-умин Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдори давлатҳои аъзои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Насимзода Акбар Ғиёс ва роҳбарони дигар ниҳодҳои дахлдор баргузор гардид.
Дар ҷараёни конфронс оид ба чораҳои андешидаи давлатҳои алоҳидаи аъзои СПАД ҷиҳати ҳамроҳ шудан ба Созишномаи ёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои маъмурӣ дар соҳаи табодули маълумоти шахсӣ аз 18 декабри соли 2020 ва Созишнома дар бораи ҳамкории давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масъалаҳои ҳуҷҷаткунонии шахсоне, ки маҷбуран ихроҷ карда мешаванд, бо шаҳодатномаҳои бозгашт аз 8 июни соли 2023 табодули афкор сурат гирифта ва  дигар масъалаҳои мубрам баррасӣ гардиданд.

03.12.2024 16:13
142