Вохӯрии тарбиявӣ бо донишҷӯён
Дар доираи эълон гардидани соли 2024 "Соли маърифати ҳуқуқӣ", ҷиҳати пешгирии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ дар байни наврасону ҷавонон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо дар Раёсати ВКД дар вилояти Суғд нақшаи вохӯриҳои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо хонандагони мактаб ва донишҷӯён тартиб дода шудааст.
Мутобиқи нақшаи мазкур аз корманди ҳайати миёнаи роҳбарикунанда то сардорони шуъбаву хадамотҳо ба муассисаҳои таълимӣ рафта бо муҳассилин мулоқотҳои тарбиявӣ-дастурӣ мегузаронанд.
Ташкил ва назорати нақшаи мазкурро Хадамоти огоҳонии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ба зима дошта, дар якҷоягӣ бо намояндагони соҳаи маорифи вилоят ва дигар мақомотҳои давлатии дар тарбияи наврасон манфиатдор роҳандозӣ менамояд.
Дар асоси нақшаи вохӯриҳои мазкур намояндагони Шуъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ба «Факултети геоэкология ва туризм» ва «Факултети санъат»-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров вобаста шудаанд. Ҳатман дар як моҳ як маротиба мулоқотҳои судманди характери тарбиявидошта дар ин муассисаҳои таълимӣ баргузор карда мешавад.
Ин навбат давоми моҳи ноябр нозири калон оид ба супоришҳои махсуси Шуъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии раёсат подполковники милитсия Диловар Ализода уҳдадории хизматиашро дар самти тарбия ва роҳнамоии ҷавонон ба некрафторӣ иҷро намуда бо доираи васеъи донишҷӯёни ин ду факултет вохӯрӣ анҷом дод.
Мавсуф бо пешниҳоди мисолҳои воқеъӣ оид ба кирдорҳои зиддиҳуқуқии аз ҷониби ҷавонон содиршуда баромад намуда, беҳуда нагузаронидани давраи тиллоии умр – донишҷӯиро ба онҳо тавсия дод. Некрафториву илмомӯзӣ, саҳм гузоштан дар татбиқи сиёсати давлатӣ ва пешрафту тараққиёти давлат таъкидҳое буд, ки дар ҷараёни суҳбатҳои тарбиявӣ намояндаи мақомоти милитсия ба ҷавонон дастур дод. Дар натиҷаи омӯзиш баланд бардоштани ҷаҳонбинии сиёсиву дунявӣ, одоби оиладорӣ, худдорӣ кардан аз амалҳои ношоиста, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии хусусияти экстремистӣ-террористӣ дошта ва дигар мавзӯъҳои ба ҳаёту фаъолияти ҷавонон алоқаманд ва ташвишовари ҷомеа дар рафти сӯҳбати озод матраҳ гардид.
Таъсир расонидан дар камолоти маънавии ҷавонон ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасот ва арзишҳои миллӣ муҳимтар аз ҳама пешгирии содиршавии ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо бо иштироки ноболиғону ҷавонон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон вобаста ба экстремизму терроризм ҳадафи чорабиниҳои тарбиявӣ буд, ки подполковники милитсия Диловар Ализода озоду ошкоро бо насли ҷавон суҳбат карда ҳадафмандона мавзӯъро фаҳмонид.
Сабабҳои пайдоиш ва роҳҳои пешгирии экстремизм ва терроризм дар замони муосир, интихоби роҳи нодурусти ҷинояткорӣ аз тарафи ҷавонон, аз мавзӯъҳое буд, ки атрофи он байни маърӯзачӣ ва иштирокчиёни чорабинӣ мулоҳизаронӣ сурат гирифта, корманди Шуъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд аз фаъолияти амалии мақомоти корҳои дохилӣ дар ин самтҳо ба донишҷӯён маълумот дод. Гуфта шуд ки оқибати экстремизму терроризм ва пайравӣ ба он ноамнию носуботӣ дар ҷомеа мебошад. Инчунин интихоби роҳи ғалат дар зиндагӣ ба хусус содир намудани ҷиноят танҳо ноумедӣ бор оварда шахсро дар ҷомеа сархам месозад.
Ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбар ва созанда бояд нагузоранд, ки мафкураи ғалати ҷудоиандозии экстремизму терроризм дар ҷомеа паҳн шавад. Ҳамчунин бар муқобили дилхоҳ падидаҳои халалдорсозандаи тартиботи ҷамъиятӣ бояд мубориза баранд. Роҳандозии корҳои ташвиқотӣ оиди пешгирии ҳамагуна зуҳуроти номатлуб ба мақсад мувофиқ буда ҷавононро зарур аст мунтазам тарғибгари тарзи ҳаёти солим бошанд. Зеро ҳар як ташаббуси созанда таъмингари тартиботи ҷамъиятӣ ва осоиштагӣ дар ҷомеа шуда метавонад.
Донишҷӯёни “Факултети санъат”-и ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров дар мулоқот бо намояндаи МКД таассуроти худро аз ободии Ватан ва ғамхории давлату миллат бо намоиш додани барномаи ҳунарӣ нишон доданд. Бо нишон додани маҳорати эҷодии худ донишҷӯёни соҳибистеъдод аҳли толорро бовар кунониданд, ки дар ҳақиқат насли ба оянда хушбин ва парчамбардори Ватан мебошанд.
Дар ҷараёни мулоқотҳо намояндаи мақомоти корҳои дохилӣ ба саволҳои донишҷӯён посух дода, дар баробари донишҳои назариявии ҳуқуқӣ оид ба натиҷаҳои кори амалии мақомоти милитсия ба онҳо маълумот дод, ки метавонад ба ҷаҳонбинии ҷавонон таъсиргузор бошад.
Акбар Шарифӣ подполковники милитсия