Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани марди 37-сола барои авбошӣ 

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 37-солаи сокини ноҳияи Восеъ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда 7-уми сентябри соли 2024, тахминан соати 06:30-дақиқа, ҳангоми дар назди боғи Панҷшанбеи шаҳри Хуҷанд қарор доштанаш, бо рафиқаш марди 30-солаи сокини ноҳияи Темурмалик, ки дар ҳолати мастӣ қарор дошт, аз ҳиссиёти авбошӣ  ҷангу ҷанҷол намуда, якдигаро лату кӯб намудаанд. 
Баъдан гумонбаршаванда бо корд як маротиба ба шикам ва як маротибаи дигар ба тахтупушти ҷабрдида зада ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.  
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 3 моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

03.12.2024 14:47
40