Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани ноболиғи 17-сола бо ҷурми дуздӣ 

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда моҳи январи соли 2023 бо роҳи пинҳонӣ тирезаи мағозаи хӯроквории зани 57-солаи сокини ноҳияи Муминобод, воқеъ дар кӯчаи Абдуллобекови шаҳри Душанберо шикаста, аз он ҷо 16 ҳазор сомониро  дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

02.12.2024 17:09
14