Ошкор шудани якчанд ҳолати ғоратгарӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур аризаи ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 13-уми ноябри соли 2024, тахминан соати 20:00, дар кӯчаи А.Савдои шаҳри Душанбе марди 26 ва ҷавонони 21, 22-солаи сокинони шаҳри Душанбе ва ноҳияи Фархор бо роҳи зӯроварӣ ва ошкоро аз ҷайбаш 1-адад телефони мобилии тамғаи “Редмӣ” ва 50-сомониро тасарруф намуда, ӯро ба майдончаи варзишии “Авиатор”, воқеъ дар кӯчаи Аэйропорт бурда, дар он ҷо лату кӯб намудаанд.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Инчунин, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонони 22 ва 24-солаи сокинони шаҳри Душанбе, ки якеашон пеш бо қисми 2 моддаи 248 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуданд.
Гумонбаршавандагон бо ҳамроҳии “Азиз” ном шахс 18-уми октябри соли 2024, тахминан соати 02:10-дақиқа, бо роҳи ошкоро марди 33-солаи сокини шаҳри Душанберо ба автомашинаи шахсиашон тамғаи “Опел-Астра” савор карда, ӯро ба маҳаллаи Шайнак бурда, бе ягон асос лату кӯб намуда, ҳангоми аз ҳуш рафтанаш аз ҷайбаш 1-адад ҳамёнро, ки дар дохилаш якчанд кортҳои бонкӣ, 30-сомонӣ, шиносномаи хориҷӣ ва шиносномаи миллиаш буд, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.