Дастгир гардидани ҷавони 25-сола барои дуздӣ
Ба ШВКД дар ноҳияи Ховалинг бо ариза марди 43-солаи сокини шаҳри Кӯлоб муроҷиат намудааст, ки моҳи сентябри соли 2024, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз ҷойи кораш, воқеъ дар ноҳияи Ховалинг як адад таҷҳизоти муайянкунандаи тиллои пошхӯрда (металлоискатель) тамғаи “Голд-Монстр 1000”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 12 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи Фархор ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.