Боздошти ноболиғи 17-сола бо ҷурми ғоратгарӣ
Ба ШВКД дар ноҳияи Файзобод бо ариза марди 51-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 23-юми ноябри соли 2024, тахминан соати 11:00 писарбачаи ноболиғи 17-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи ошкоро аз дасти набераи ноболиғи 9-солааш сокини ҳамон ҷо 1-адад телефони мобилии тамғаи “Редми-9”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 900 сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.