Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани ду садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияҳои Дарвоз ва Истаравшан

24-уми ноябри соли 2024, тахминан соати 20:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Corrlla Verso”, Анваров Муриватшо Мунаварович, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Дарвоз дар шоҳроҳи “Душанбе-Дарвоз-Хоруғ” дар километри 353-юми ҳудуди ноҳияи Дарвоз аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро дар канори рости роҳ чаппа кардааст.
Дар натиҷа, мусофирони дохили автомашинаи мазкур Назаршоева Марворӣ, соли таваллудаш 1957 ва Шодиев Фируз Мазориевич, соли таваллудаш 1994, сокинони ноҳияи Дарвоз дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Ронанда Анваров М.М. дар беморхона бистарӣ гардидааст. 
25-уми ноябри соли 2024, тахминан соати 07:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Камри», Азимҷонов Турсунбой Салимович, соли таваллудаш 1962, сокини шаҳри Истаравшан ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди хиёбони Истиқлоли шаҳри Истаравшан дар ҳудуди бозори марказӣ, ҳангоми гардиш ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Аббосова Садорат Маҳкамовна, соли таваллудаш 1954, сокини шаҳри Истаравшанро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Аббосова С. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

26.11.2024 17:02
48