Ҷавонон аз тамошои зебоиҳои Душанбешаҳр ба ваҷд омаданд
Нимаи дуюми рӯзи 24 ноябр ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатӣ як гурӯҳ ҷавонон ва намояндагони фаъоли онҳо аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар, ки ба муносибати ин санаи таърихӣ ба пойтахти ҷумҳурӣ ташриф оварда буданд, аз бинои Осорхонаи миллӣ дидан намуданд.
Аз ҷониби роҳбаладон ба фаъолҷавонон иттилоъ дода шуд, ки Осорхонаи миллӣ дастоварди замони соҳибистиқлолӣ буда, бо дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтаву мавриди истифодаи умум қарор дода шуд. Дар идома, ҷавонони фаъол аз нигораву ашёҳои таърихӣ дидан намуда, аз фарҳанг, тамаддун ва расму ойинҳои ниёгону аҷдодони хеш воқиф шуда, баҳри худ ғизои маънавӣ гирифтанд.
Сайри шабонаи пойтахт низ ба онҳо як ҷаҳон илҳом бахшида, боиси руҳбаландиашон гардид. Тавре қайд карда шуд, тайи солҳои охир бо дастгириҳои роҳбарияти Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ташаббусҳои созандаи шаҳрдори ҷавон муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти ҷумҳурии соҳибистиқлоламон хеле зебову назаррабо шуда, ҳамчун муаррифгари миллати бостонии тоҷик боиси ифтихори тамоми ҳамватанонамон дар дунё гардидааст.
Ҷоиз ба зикри хос аст, ки дар доираи таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ ҷавоногни фаъол баъд аз тамошои дастҷамъонаи Осорхонаи миллӣ ба Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ташриф оварданд. Ҷавонони фаъоли кишвар ба таври дастҷамъона намоиши театрикунонидашудаи ҳунармандони бомаҳорати театрро тамошо намуда, шоҳиди дидани яке аз беҳтарин намоишномаҳои театрӣ гардиданд. Намоишномаи театрӣ ҳаёти имрӯзаи оилаҳои ҷавонро инъикос намуда, ба таври ҳазлу шӯхӣ мавзуъҳои доғи рӯзро, ки боиси ҷудошавии оилаҳои ҷавон мегарданд, манзури тамошобинон гардонид.
Мавриди зикр аст, ки сафарбарсозии ҷавонон ҷиҳати тамошои мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ, дар ҷаҳони муосир, ки авҷи бархӯрди тамаддунҳо арзёбӣ мегардад, ба фарҳангикунонии мардум, хосатан насли ҷавони мамлакат мусоидати фаъол менамояд. Намоишномаи ҳунармандони Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бо кафкӯбиҳои бардавоми тамошобинон, ки шаҳодат аз намоиши диданибоб медод, ба анҷом расид.
Раҷабалии БОЗОРХОН,
Фирӯзи МАҲМАДУЛЛО,
кормандони РОПҲНҶ ВКД ҶТ