Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи варзишӣ бахшида ба "Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

24 ноябри соли 2024 бахшида ба "Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо ташаббуси Шурои ҷумҳуриявии "Динамо"-и Вазорати корҳои дохилӣ дар толори Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ оид ба "Шоҳмот ва Шашка"  таҳти шиори  "Парчами давлатӣ - ифтихорӣ ҳар як шаҳрванд" миёни ҷавонону наврасон доир гардид. 
Дар мусобиқаи мазкур 96 варзишгар фаъолона иштирок намуда, аз худ маҳорати баланд нишон доданд.
Дар ҷамъбасти мусобиқа ғолибон ва ҷоизадорон бо Ифтихорнома, Сипоснома, Диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

25.11.2024 18:21
18