Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Вазъиятҳои фавқулодда, низоъҳо, ҳамоҳангии иҷтимоӣ»
22-юми ноябри соли 2024 дар Академияи идоракунии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Вазъиятҳои фавқулодда, низоъҳо, ҳамоҳангии иҷтимоӣ» баргузор гардид, ки дар кори он муовини Директори Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккилона ва дигар намуди ҷиноятҳои хатарнок дар ҳудуди давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар оғози баромади хеш Шарифзода Ф.Р. ба роҳбарияти Академияи мазкур аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. китоби тозанашри «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ», ки муллифи он муҳтарам Вазир мебошанд ва он бо забони русӣ рӯи чоп омадааст, туҳфа карда шуд.
Зимни баромад генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ зикр кард, ки ман ҳамаи иштирокчиёни конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Вазъиятҳои фавқулодда, низоъҳо, ҳамоҳангии иҷтимоӣ»-ро, ки дар Академияи идоракунии Вазорати корҳои дохилии Росия баргузор мешавад, самимона шодбош гуфта, ба кори конференсия бурдбориҳо орзумандам.
Конференсияи мазкур бо он аҳамияти калон дорад, ки созмондиҳандагон ин дафъа як масъалаи хеле мубрами имрӯза, яъне амнияти муосири ҷамъиятӣ, масъалаҳои назариявӣ, ҳуқуқӣ ва ташкилии онро интихоб кардаанд.
Ин аз он сабаб аст, ки ба марҳалаи ҳозираи тараққиёти иҷтимоию иқтисодии ҳамаи давлатҳои ҷаҳон хеле баланд шудани аҳамияти таъмини амнияти ҷамъиятӣ хос аст.
Дар робита ба ин, бояд қайд кард, ки Стратегияи соҳаи илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 қабул шудааст, ҳамкориҳои байналмилалиро ба таври қобили мулоҳиза тавсеа бахшида, ба ҳамгироии илми ватанӣ мусоидат намуда, дар кишварҳои ИДМ ҳамчун ҷузъи муҳимтарини мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини амнияти ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад.
Мо бо хатарҳо ва таҳдидҳои нави дорои хусусияти глобалӣ рӯбарӯ ҳастем. Дар ёфтани ҷавоб ба бисёр саволҳои актуалии замони ҳозира таҷрибаи байналхалқӣ аз ҳарвақта дида муҳимтар аст.
Бояд тазаккур дод, ки мавҷудият ва таҳкими ҳамкориҳо байни давлатҳои соҳибистиқлоли дӯст, муассисаҳои таълимии онҳо, муколамаи созанда ба рушди самтҳои нави тадқиқотӣ ва густариши ҳамдигарфаҳмии илму амалия мусоидат мекунад.
Гул Маҳбуба