Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эҳтиром ба Парчами давлатӣ нишонаи ҳуввияту худшиносӣ

Дар Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ба муносибати «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» чорабинии тантанавӣ баргузор гашт.  Дар оғоз зери оҳанги «Марш»-и оркестри нафасӣ Парчами давлатӣ ба толор дароварда шуда, иштирокчиёни ҷамъомади тантанавӣ Суруди миллиро сароиданд. 
Мавриди зикр аст, ки Рӯзи Парчами давлатӣ яке аз идҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки 24 ноябри соли 2009 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, ҳар сол бо ҳисси ифтихор аз Ватану Ватандорӣ  таҷлил карда мешавад. Зеро Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари нишон аз соҳибистиқлолӣ ва давлатдории мустақил  ҳамзамон таҷасумгари ватандустӣ ва рамзи ҳаёти осоишта мебошад.
Муовини сардори Раёсат полковники милитсия Суҳроб Қурбонзода ҷамъомади тантанавиро ифтитоҳ ва ҳозиринро ба ин ҷашни миллӣ аз номи роҳбарияти ВКД ва Раёсат табрик намуд.  Гуфта шуд, ки эҳтирому гиромидошти Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он қарзи шаҳрвандии ҳар як соҳибватан аст. Зеро парфишонии Парчами давлатӣ ин нишонаи ҳуввияту худшиносӣ, пайрави ба ғояҳои ватандорӣ, сарҷамъӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад. 
Дар идомаи ҷамъомади идона сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети 4 Академияи ВКД номзади илмҳои таърих Беҳзод Султонзода дар мавзуъи «Таърихи парчамдории тоҷикон» маърӯза намуд. Нақши парчам дар муаррифии давлату миллат, сарҷамъӣ ва муттаҳадии халқ бо далелҳои таърихӣ дар маърӯза садо дод. Таъкид карда шуд, ки ҳар як давлатро Парчами миллиаш ҳамчун рамзи давлатдорӣ муаррифӣ карда, арзишҳои моддиву маънавии давлатӣ дар он тасвир ёфтааст. 
Се ранги дар Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол инъикос ёфта низ ифодагари роҳи таърихии давлатдории тоҷикон орзӯю ормонҳои халқ буда, тасвири тоҷ ва 7 ахтар бошад ишора ба решаҳои таърихии давлатдории миллӣ аст. Ҳар як сокини мамлакатро зарур аст Парчами давлатиро эҳтиром ва барои ободу пешрафтагии Ватан ҳиссагузорӣ намояд. Қудрати муттаҳидкунанда доштани Парчам эҳсоси ватандӯстиро дар қалби шаҳрвандон баланд ва имконият медиҳад, ки мо ба мақсади худ расем. 
Акбар Шарифӣ подполковники милитсия.

22.11.2024 18:00
72