Гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Департаменти адлияи Ҷумҳурии Ирландия боздид намуданд
20-уми ноябри соли 2024 ҳайати гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилӣ оид ба коркарди лоиҳаи "Милитсияи патрулӣ" зери роҳбарии Ҳамоҳангсозии миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло ба Департаменти адлияи Ҷумҳурии Ирландия ташриф оварда, бо тартиби ташкил, сохтор ва фаъолияти соҳавии он шинос гардиданд.
Ҳайати гурӯҳи кориро Котиби генералии Департаменти адлияи Ҷумҳурии Ирландия хонум Юна МакФиллипс ба ҳузур пазируфта, аз ташрифи меҳмонон ба ин кишвар изҳори хушнудӣ намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ, дар толори маҷлисгоҳи Департаменти мазкур бо ҷалби профессорону омӯзгорони ирландиву хориҷӣ семинар-машварати илмӣ-амалӣ дар самтҳои ҳамкории политсия бо ҷомеа, раванди гузариши ислоҳот ва дигар масъалаҳои мубрам гузаронида шуданд.