Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баррасии коркарди лоиҳаи "Милитсияи патрулӣ" дар Мактаби тиҷоратии Тринитии шаҳри Дублини Ҷумҳурии Ирландия

Бо иштироки намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ ва Сафорати Штатҳои  Муттаҳидаи Америка дар Тоҷикистон,  18-19-уми ноябри соли 2024 дар Мактаби тиҷоратии Тринитии шаҳри Дублин масъалаҳои гуногуни тарзҳои намунавиии коркарди лоиҳаи "Милитсияи патрулӣ дар шаҳри Душанбе" мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд. 
Дар чорабинии омӯзишии мазкур, олимону профессорони донишгоҳҳои Гарварди ШМА, Оксфорди Англия, коршиносони сатҳи байналмилалӣ, кормандони амалии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Ҳамзамон, дар ҷараёни чорабинӣ аз ҷониби намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ тавассути рӯнамо (презентатсия) вобаста ба дастовардҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди ислоҳоти милитсия маълумот пешниҳод карда шуд.
Чорабинӣ дар фазои озод, бо пешниҳоди таклифҳои мушаххас сурат гирифта, аз ҷониби мутахассисони соҳа ба  иштирокчиён машғулиятҳои амалию назариявӣ баргузор карда шуд.

22.11.2024 12:25
75