Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани ду садамаи нақлиётии марговар

18-уми ноябри соли 2024, тахминан соати 21:30-дақиқа, ронандаи миркоавтобуси тамғаи “Мерседес Бенс”, Шоев Изатулло Саъдуллоевич, соли таваллудаш 1969, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Ваҳдат дар роҳи автомобилгарди назди деҳаи Мавлавии ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Буриев Шарофиддин Нозилшоевич, соли таваллудаш 1985, сокини шаҳри Роғунро пахш намудааст.
Дар натиҷа, Буриев Ш.Н. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
19-уми ноябри соли 2024, тахминан соати 09:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи «Шакман», Ҳакимов Нозим Салимович, соли таваллудаш 1979, сокини шаҳри Турсунзода,  ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Ҳисор ба самти шаҳри Турсунзода аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада дучархарон Қарақулов Илҳомҷон, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Турсунзодаро пахш намудааст.
Дар натиҷа, Қарақулов И. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба  ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

20.11.2024 15:08
51