Ошкор шудани ҳолатҳои азонихудкунӣ ё исрофкорӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 40-солаи сокини ноҳияи мазкур ҷойи кораш намояндаи ҶДММ “Султони Ҳаким” муроҷиат намудааст, ки аз моҳи ноябри соли 2023, ҷавонзани 25-солаи сокини шаҳри Душанбе дар ҶДММ “Султони Ҳаким” ба ҳайси боррасон (супервайзер) кор ва фаъолият намуда, дар давоми фаъолияти кориаш маблағҳои аз мағозаҳои ҷамъовардашударо азонихуд намуда, ба манфиати шахсиаш сарф кардааст.
Дар натиҷа ба ҶДММ “Султони Ҳаким” ба маблағи 118 ҳазору 215 сомонӣ зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 44-солаи сокини ноҳияи Сангвор бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, аз моҳи октябри соли 2018 то моҳи феврали соли 2024 дар вазифаи директори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Сангвор кору фаъолият намуда, дар давоми фаъолияти кориаш 210 сар чорвои майдаи шохдор ва 2 сар аспро, ҷамъ ба маблағи 70 ҳазору 744 сомонӣ азонихуд намуда, бо истифода аз ваколатҳои мансабӣ ба манфиати худаш сарф карда, ба Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия зарари махсусан калон расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 2 моддаи 245 банди “г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.