Дастгир гардидани ноболиғи 16-сола бо ҷурми дуздӣ
Ба ШВКД дар Левакант аризаи зани 43-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки 15-уми ноябри соли 2024, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии зани 41-солаи сокини ҳамин шаҳр даромада, аз он ҷо молу ашёҳои ҷабрдидаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 7 ҳазору 970 сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия духтарбачаи ноболиғи 16-солаи сокини шаҳри Левакант бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.