Боздошти ду нафар бо ҷурми тамаъҷӯӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду марди 25 ва 26-солаи сокинони ноҳияи Шаҳритус бо гумони содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир карда шуданд.
Гумонбаршавандагон, аввалҳои моҳи ноябри соли 2024, дар шабакаи интернетӣ бо як мудири бозиҳои шабакаҳои интернетӣ шинос ва ҳамкорӣ намуда, маълумот мегиранд, ки кадом шаҳрванд аъзои гурӯҳи бозӣ буда, чӣ намуд ашёҳо бо чӣ қадар маблағ харидорӣ карда, аз кадом рақами телефон маблағ гузаронидааст.
16-уми ноябри соли 2024 аз рӯи маълумотҳои бадастовардаашон дар шаҳри Душанбе ба марди 30-солаи сокини ноҳияи Нуробод занг зада, ба наздашон даъват намуда, худро кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда, бо мақсади ба даст овардани маблағи пулӣ бо роҳи тамаъҷуӣ ҷабрдидаро таъна намудаанд, ки гӯё тариқи шабакаи иҷтимоӣ ба гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ маблағи пулӣ гузаронидааст ва барои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудан, аз ҷабрдида маблағи 60 ҳазор сомонӣ талаб намудаанд.
Сипас, ҷабрдида аз таҳдид ва мавриди лату кӯб қарор гирифтанаш тарсида, худи ҳамон рӯз ба номбурдагон маблағи 14 ҳазору 500 сомонӣ додааст.
Гумонбаршавандагон бо ин қаноат накарда, талаб намудаанд, ки дар муҳлати як рӯз боз 20 ҳазор сомонӣ ба онҳо оварда диҳад.
Дар натиҷаи роҳандозӣ намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҳангоми гирифтани маблағҳои пулии мазкур гумонбаршавандагон дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.