Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Идоракунии давлатӣ дар соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ»

15 ноябри соли 2024 дар Академияи идоракунии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Идоракунии давлатӣ дар соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ» бо иштироки сардори Академияи мазкур генерал-лейтенанти политсия Синенко С.А. ва доираи васеи олимони соҳаи ҳуқуқ баргузор гардид.
Дар кори конференсия муовини Директори Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккилона ва дигар намуди ҷиноятҳои хатарнок дар ҳудуди давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Зикр гардид, ки идоракунии давлатӣ дар соҳаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таъмини амният, волоияти қонун ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ роли ҳалкунанда мебозад. 
Дар ҷараёни конференсия баромадкунандагон оид ба муҳимияти ҳамкории байналмилалӣ дар таъмини илмии фаъолияти мақомоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳ таклифу пешниҳодҳои судманд баён намуданд.
Гул Маҳбуба

18.11.2024 15:27
101