Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо шудани дуздии ноқилҳои барқӣ

Ба ШВКД дар ноҳияи Варзоб аризаи роҳбари Филиали ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и шаҳри Душанбе ворид гардидааст, ки шахсони номаълум ғайриқонунӣ вориди зеристгоҳи барқии «Душанбе-500», воқеъ дар ноҳияи Варзоб шуда, аз онҷо 791 метр ноқилҳои барқии буришаш 19х2,5 милиметраро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 
Зарари расонидашуда 8 ҳазору 701 доллари амрикоиро ташкил медиҳад. 
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 27-солаи сокини ноҳияи Варзоб содир намудааст. 
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

16.11.2024 12:01
50