Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздошти марди 44-сола бо ҷурми ғоратгарии телефони мобилӣ 

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 44-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда, 14-уми ноябри соли 2024, ҳангоми дар ҳолати мастӣ қарор доштанаш тахминан соати 09:30-дақиқа дар маҳаллаи 1-уми майи шаҳри Душанбе ба зани 61-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ дарафтода, ҷузвдони ӯро бо тариқи ошкоро ва таҳдид аз дасташ гирифта, аз дохили ҷузвдони мазкур телефони мобилии тамғаи “Самсунг”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.  
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

16.11.2024 11:59
24