Вохӯрӣ бо ҳайати намояндагони Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин
13 ноябри соли 2024 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо ҳайати намояндагони Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии сардори Раёсати бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкини музофоти Тзсянсу ҷаноби Чан Хепин вохӯрӣ доир намуд.
Нахуст Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ҷаноби Чан Хепинро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, изҳор дошт, ки сол аз сол ҳамкориҳои дуҷонибаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар асоси созишномаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба рушду такомул ёфта, ин ҳамкориҳои мутақобилан судманд метавонанд баҳри мубориза бо зуҳуроти номатлуб ва хатару таҳдидҳои замони муосир натиҷабахш бошанд.
Дар рафти вохӯрӣ ҷиҳати таҳким бахшидани робитаи дуҷониба дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, сепаратизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, омода намудани кадрҳои баландихтисос, расонидани кӯмаки техникию коммуникатсионӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ табодули афкор сурат гирифт.
Гул Маҳбуба, полковники милитсия