Саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ ва алтернативӣ ҷиноят аст!
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷавони 22-солаи сокини ноҳияи Зафаробод соли 2024 дар даъвати тирамоҳӣ бо баҳонаи саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ бе ягон сабабҳои узрнок ба Комиссириати ҳарбии ноҳияи Зафаробод ҳозир нашуда, ба Федератсияи Россия рафта, аз даъвати навбатӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ саркашӣ намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 1 моддаи 343 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.