Даст ба қочоқ задани марди 41-сола
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 41-солаи сокини шаҳри Истаравшан бо гумони содир намудани ҷинояти қочоқ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, 8-уми ноябри соли 2024, бидуни барасмиятдарории гумрукӣ бо роҳи қочоқ аз Ҷумҳурии Қирғизистон бо тавассути 3-адад автомашинаи тамғаи «Газел», 49 сар чорвои калони шохдорро ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардааст.
Мувофиқи маълумотномаи ҶДММ «Мададгори 2016» арзиши 49 сар чорвои калони шохдори аз гумонбаршаванда гирифташуда 443 ҳазору 450 сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 2 моддаи 289 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.