Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии идонаи бошукӯҳ бахшида ба «Рӯзи милитсияи тоҷик»

9-уми ноябри соли 2024 дар Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба «Рӯзи милитсияи тоҷик» чорабинии идонаи бошукӯҳ бо иштироки Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Насрулло, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, роҳбарони сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ, собиқадорон, ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар меҳмонони расмӣ баргузор гардид.
Нахуст, Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Насрулло Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи милитсияро ироа намуда, қайд кард, ки Президенти мамлакат ба фаъолияти назарраси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ҳамеша баҳои баланд дода, изҳори миннатдорӣ менамоянд. Чунин таваҷҷӯҳи Роҳбари давлат ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мову шумо, ҳомиёни ҳуқуқу тартиботро вазифадор месозад, ки дар фаъолияти оперативӣ-хизматӣ натиҷаҳои боз ҳам беҳтар ба даст оварда, боварии бештари халқу давлатро сазовор гардем.
Сипас, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро меҳмонон ва иштирокчиёни чорабинии идонаро табрику таҳният намуда, зикр кард, ки дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш бо арзи сипос ва самимияти бепоён Иди касбии кормандони милитсияро ба Шумо муборакбод намуда, бароятон сулҳу осоиш, фатҳу нусрат, иқболи баланд ва барору комёбиҳои беназир таманно менамоям.
Таҷлили рӯзи касбии кормандони милитсия дар рӯзҳое баргузор мегардад, ки мардуми шарафманди тоҷик санаи муҳиму таърихӣ ва муқаддас, ҷашни 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои дӯстию ҳамдилӣ, ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу суботи комил бо дастовардҳои наҷиб, сазовор ва дар сатҳи баланд ботантана ҷашн гирифтанд. 
Ҳамаи ин пирӯзию дастовардҳо, фақат бо дастуру супоришҳо, ҳидояту роҳнамоӣ ва таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад.
Дар рафти чорабинӣ бо иштироки ҳунармандони шинохта ва ситораҳои тобноки фарҳангу мусиқии тоҷик консерти идонаи хотирмон манзури иштирокчиён гардонида шуда, ҷашни милитсияи тоҷик бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. 
Гул Маҳбуба

09.11.2024 19:20
179