Ҳавасмандӣ ва қадршиносии кормандон ба муносибати Рӯзи Констутсия ва иди касбӣ
Чорабинии тантанавие, ки ба муносибати таҷлил аз 30-юмин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи кормандони милитсия 6 ноябри соли 2024 дар маҷлисгоҳи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд баргузор гашт, аз маросими гулгузорӣ ба пояи муҷассамаи ёдгорӣ, ки дар саҳни бинои маъмурии Раёсат ҷойгир аст оғоз ёфт. Роҳбарияти раёсат, сардорони шуъбаву хадамотҳо ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд бо гузоштани гулчанбар ва гулҳои тару тоза аз корнамоии фарзандони содиқи Ватан, ки барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва барқарор намудани сохти конститутсионӣ ҷон бохтаанд, ёдоварӣ карданд. Ва бо тартиби хоси низомиён хотираи шаҳидони сохти конститутсионӣ ва кормандони зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба ҳалокатрасидаро гиромӣ доштанд.
Ҷаласаи идона бо ворид намудани Парчами давлатӣ ва зинда сароидани Суруди миллӣ, ки нишонаи эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ мебошад, оғоз ёфт. Сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Маҳмадсафар Пирзода бо маърузаи табрикотӣ аз фаъолият ва ҷонбозиҳои ба нафъи осоиштагӣ ва пешрафту тараққиёти давлат гузоштаи кормандони милитсия, татбиқи сиёсати давлатӣ аз ҷониби онҳо, барқарор намудани сохти қонститутсионӣ, дастовардҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд ва таваҷҷуҳу ғамхории Роҳбарияти олии кишвар нисбати мақомот ба ҳозирин маълумот дод.
Вобаста ба мақоми Конститутсия дар танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ таъкид карда шуд, ки дар рӯҳияи риояи меъёри Конститутсия ва дигар қонунҳои амалкунанда тарбия намудани шаҳрвандон имконият медиҳад, ки дар ҷомеа амнияту осоиштагӣ таъмин бошад.
Дар ҷараёни ҷаласаи тантанавӣ фаъолияти назаррас ва ба нафъи ҷомеа анҷомдодаи кормандонро қадршиносӣ карданд. Аз ҷумла, бо фармоиши ВКД ва Раёсати Вазорат дар вилояти Суғд аз ҳисоби кормандони шуъбаву хадамотҳои дастгоҳи марказии Раёсат якчанд нафар кормандони масъулиятшинос бо медалу нишонҳои соҳавӣ, Ифтихорнома, Сипоснома ва Раҳматнома қадршиносӣ карда шуданд.
Садоқат ба халқу Ватан ва Президенти мамлакат ваъдаи тантанавии ҳар як корманди қадршиносӣ гардида буд.
Дар ҷараёни ҷамъомади идона ҷавонони фаъол, таҳсилкунандагони муассисаҳои олии вилоят, ки дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ аз кирдорҳои зидиҳуқуқӣ ва ҷинояткорӣ саҳмгузорӣ менамоянд, бо Сипономаи сардори раёсат ҳавасманд карда шуданд.
Ҳамчунин дар арафаи иди касбӣ бо ибтикори роҳбарияти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ба собиқадорони соҳа оилаи кормандони зимни иҷрои вазифа фавтида кӯмаки якдафъаинаи пулӣ расонида шуд.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия