Дастгир гардидани ҷавони 18-сола бо гумони дуздӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 18-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, 6-уми ноябри соли 2024, тахминан соатҳои 02:40-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ тирезаи синфхонаи яке аз муассисаҳои таълимии пойтахтро шикаста, аз дохили синфхонаҳои муассисаи мазкур 3-адад компютери тамғаи “Леново”, ки арзиши умумиашон 9 ҳазору 735 сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 29 ҳазору 205 сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.