Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ дар шаҳри Алмаато

1 ноябри соли 2024 дар доираи дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳайати гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилӣ  таҳти роҳбарии Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия генерал-майори милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло ба Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаато ташриф оварданд.
Ҳайати гурӯҳи кориро Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаато Бобохонзода Равшан Арабшоҳ ба ҳузур пазируфта, аз ташрифи онҳо изҳори хушнудӣ намуд. 
Дар ин замина Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия генерал-майори милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло дар бинои консулгарӣ  бо роҳбарони диаспораҳои тоҷик  ва ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрии судманд баргузор намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ, ки бо ҳадафи таҳкими робитаҳо бо ҳамватанон ва муҳокимаи масъалаҳои муҳими рӯз баргузор гардид, як қатор мавзуъҳои мубрам мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Махсусан, таваҷҷуҳи асосӣ ба масъалаи мубориза бо таҳдидҳои муосир, аз ҷумла ифротгароӣ ва ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки метавонад ба ҷомеаи тоҷикон таъсири манфӣ расонад, дода шуд.
Таъкид гардид, ки Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориро бо диаспора, ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ пайваста ба роҳ монда, бо онҳо ҳамчун шарикони рушд ҳамкорӣ менамояд.
Дар ин вохӯрӣ аз ҷониби намояндагони диаспораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, марказҳои фарҳангии тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо ва робитаи доимӣ таклифу пешниҳодҳои судманд манзур гардид.
Фаррух Самадзода

04.11.2024 14:02
131