Зиндаву ҷовид монд ҳар ки накуном зист….
Ба муносибати гиромидошти хотираи неки собиқ сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия марҳум Темурҷон Раҳимбоев бо ташкили ҷамъомади ёдбуд дар назди ҳавлии истиқоматиаш лавҳаи ёдгорӣ гузоштанд. Маросими ёдбуд бо гирифтани парда аз рӯи лавҳа оғоз ёфт, ки бо иштироки роҳбарияти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, намояндагони МИҲД вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, собиқадорони милитсия, шогирдону пайвандон ҷараён гирифт.
Агар умр бақо мекард, санаи 25 октябр Темурҷон Раҳимбоев ба синни 80-солагӣ мерасид. Лавҳаи ёдбуд нишонаест аз роҳи пурпечутоби зиндагӣ ва рамзи эҳтиром ба шахсияти собиқадори хизматнишондодаи мақомоти корҳои дохилӣ шодравон Темурҷон Раҳимбоев.
Ҷаласаи тантанавиро бо маърӯза аз ҳаёт ва фаъолияти хизматии шодравон генерал-майори милитсия Т. Раҳимбоев муовини сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд полковники милитсия Асрор Дадоҷонзода ифтитоҳ намуда, дар идома намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ҳамкасбон, шогирдон ва пайвандон бо ёдоварӣ аз кору пайкор хотираи ӯро пос доштанд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки генерал Темурҷон Раҳимбоев аз зумраи кадрҳои маҳаллии милитсия дар даврони Тоҷикистони шӯравист, ки давоми солҳои 1969-1997 аз корманди қаторӣ то ба зинаҳои баланди роҳбарикунанда сардори шуъбаи корҳои дохилӣ, сардори раёсат ва муовини вазири корҳои дохилӣ ба камол расидааст. Нафарони зиёд аз ҳамкор ва шогирди ӯ будан ифтихор дошта ба ҳайси устоди роҳнамо эҳтиромаш менамуданд.
Риштаи умри ин марди наҷиб дар натиҷаи садамаи фоҷиавии тайёра соли 1997 канда шуда, кору амал ва эҳтироми мавсуф натанҳо дар хотираи ҳампешагону пайвандон, балки ҳамчун корманди содиқ ба савганд ва баландрутбаи мақомоти милитсия дар дилу дидаи халқ, бахусус сокинони шаҳри Хуҷанд нақш бастааст. Маҳз ба ҳамин хотир дар вақти дар қайди ҳаёт будан Темурҷон Раҳимбоев ба унвони «Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд» сазовор гардида буд.
Қобили қайд аст, ки Махсумҷон фарзанди Темурҷон Раҳимбоев касби падарро интихоб намуда, дар зинаҳои роҳбарикунанда фаъолият ва бо рутбаи полковники милитсия ба нафақа баромадааст.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия