Ба таваҷҷӯҳи ронандагони воситаҳои нақлиёт!
Дар шаҳри Душанбе аз 1-ум то 10 -уми ноябри соли равон бо мақсади пешгирии вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, алалхусус тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар роҳҳо, амалиёти 10 рӯзаи пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо бо номи шартии «Тамбашавӣ дар роҳҳои нақлиётгард» гузаронида мешавад.
Аз ронандагони воситаҳои нақлиёт дар шаҳри Душанбе хоҳиш менамоем, ки риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро ба таври қатъӣ таъмин намуда, воситаҳои нақлиётро дар ҷойҳои номуайян нагузоранд ва ба ҳаракати воситаҳои нақлиёти дигар монеа эҷод накунанд.
Дар сурати ошкор намудани қоидавайронкуниҳо дар роҳ нисбати ронандагоне, ки талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накардаанд, ҷазои маъмурӣ татбиқ карда мешавад.