Коркарди лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи политсия" ҷараён дорад
Бо мақсади беҳтар намудани шароити хизматбарӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ, такмили сохтори он, мутобиқ намудани фаъолияти мақомот ба талаботи муосир ва меъёрҳои пешбининамудаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва такмили ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ ислоҳоти милитсия ҷараён дорад.
Дар ин замина аз 22 то 26 октябри соли 2024 дар доираи Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025, дар "Меҳмонхона - истироҳатгоҳи лаёқатмандон", воқеъ дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ҷаласаи гуруҳи корӣ оид ба коркарди лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи политсия" баргузор гардид.
Дар кори он намояндагони Вазорати молия, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аъзоёни гуруҳи кории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқшиносон барои таҳия ва такмили соҳаи муҳими давлат мақомоти корхои дохилӣ иштирок намуданд.
Иштирокчиён бо мақсади ошноӣ пайдо намудан аз таъриху тамаддуни ноҳияи Ховалинг аз Осорхонаи таърихӣ - кишваршиносии ноҳияи Ховалинг ва Осорхонаи ҳунарманди машҳуру маҳбуби кишвар шодравон Ҷурабек Назрӣ дидан намуданд.
Сипас, дар «Меҳмонхона - истироҳатгоҳи лаёқатмандон», гуруҳи корӣ фаъолияти худро оғоз кард.
Ёдовар мешавем, меҳмонхонаи мазкур дар доираи корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шуда, моҳи сентябри соли равон аз ҷониби Роҳбари давлат мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Бинои “Меҳмонхона — истироҳатгоҳи лаёқатмандон” бо тарҳу сохти меъмории муосир бунёд шуда, аз 3 ошёна иборат мебошад.
Иншооти мазкур аз 54 ҳуҷра, толори маҷлис, толори компютерӣ бо 50 курсӣ ва китобхона иборат аст.
Ҳуҷраҳо ва биноҳои ёрирасони иншоот бо таҷҳизот ва лавозимоти ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯй муҷаҳҳаз мебошад. Бинои меҳмонхона бо нуқтаи алоҳидаи гармидиҳӣ таъмин аст.
Дар майдони васеъи назди иншоот фаввора ва суҳбаткада бунёд гардида, худуди бино бо роҳравҳои замонавӣ ва муҳити сабзу хуррам оро ёфтааст.
Ҳамзамон дар назди меҳмонхона майдончаи варзишӣ барои шитирокчиёни баргузории семинару конфронс ва дигар чорабинихои сатҳи ватанию байналмилалӣ ва сайёҳон бунёд шудааст.
Насби чароғҳои замонавии равшанидиҳандаи иншооти мазкур дар шабонгаҳ симои бинои навро боз ҳам зебою назаррабо намудааст.
Тарҳу намо, сифат ва шароити фароҳамшуда дар меҳмонхонаи мазкур барои баргузор намудани семинар ва конференсияҳои сатҳи байналмилалӣ муносиб мебошад.
Гурӯҳи корӣ бо истифода аз шароитҳои ҷойдошта давоми 5 рӯз ба истироҳат фаро гирифта шуда, коркарди лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи политсия" ҷараён дорад.