Шиносоии гуруҳи кории ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Академияи ВКД Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Алмаато
29 октябри соли 2024 гуруҳи кории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия генерал-майори милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло дар идомаи сафар аз Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Қазоқистон, воқеъ дар шаҳри Алмаато дидан намуданд.
Меҳмононро иҷрокунандаи вазифаи сардори Академияи мазкур полковники политсия Дилбарханова Ж.Р. ба ҳузур пазируфта, оиди фаъолияти Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Алмаато маълумоти мушаххас дод.
Ҳамчунин, зимни сафар ба ҳайати гуруҳи корӣ тарзу усули навини баргузории машғулиятҳои дарсӣ барои курсантону шунавандагон, утоқҳои дахлдори лабораторӣ, китобхона ва лавҳаҳои фахрӣ нишон дода шуд.
Дар нимаи дуюми рӯз гуруҳи корӣ аз фаъолияти нуқтаи милитсияи сайёҳии шаҳри Алмаато дидан намуданд. Ба меҳмонон доир ба фаъолияти нуқтаи милитсияи сайёҳӣ дар аввал ба таври назариявӣ маълумот дода шуда, баъдан ин маълумотҳо дар амал нишон дода шуд.