Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба ифтихори 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚОНУН БАҚОИ МИЛЛАТ АСТ!

Қонун шикастан хуб нест
Не бар шаҳу не бар гадо.
Қонуншикан беобрӯст
Дар ҳар куҷо, дар ҳар куҷо.

Қонун бақои миллат аст,
Қонун сафои миллат аст.
Қонун барои тоҷикон
Аслан вафои миллат аст.

Қавме, ки қонун хор кард,
Халқи Ватан ночор кард,
Аҳли Ватанро аз Ватан,
Дилмондаву безор кард.

Қонуншикан дар ҳеҷ вақт,
Охир намеёбад амон.
Бешак, худаш расво шавад,
Бе панду зӯрии касон.

Қонун чароғи роҳи мост,
Дар шомгоҳон моҳи мост
Қонуншикан, огоҳ бош,
Қонун дили огоҳи мост.

Азизаи  Давлатшоҳ, полковники милитсия.

28.10.2024 18:19
16