Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кормандони ВКД дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд

Рӯзҳои 25-27-уми октябри соли 2024 дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо миёни устодон, собиқадорон доир гашт.
Зӯрозмоиҳо миёни паҳлавонони аз 35-сола боло аз рӯи 7 синну сол сурат гирифт.
Собиқадорони самбои Тоҷикистон дар мусобиқа сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд. 
Дар ин радиф оташнишони калони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ прапоршики калон Миралӣ Меҳбуллоев дар категорияи М2, дар вазни 64 кг соҳиби ҷойи якум ва медали тилло гардид.
Ҳамчунин дар категорияи М6 дар вазни +98 кг полковники мустаъфӣ Хайрулло Назриев ҷойи якумро ишғол намуда, соҳиби медали тилло гардид.
Дар категорияи М4 нозири калони Воҳиди махсуси ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини бехатарӣ ва амният дар самтҳои ҳаракати Сарвари давлат ва меҳмонони олиқадр подполковники милитсия Хуршед Норов дар вазни 79 кг соҳиби ҷойи дуюм ва медали нуқра гардид.
Хушбахтона, ба шарофати  дастгириву ғамхорӣ ва чораандешиҳои пай дар пай ва таваҷҷӯҳи бевоситаи  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ дар ҷодаи варзиш торафт ба пешравиҳо ноил гардида истодааст. 
Мавриди зикр аст, ки варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва аз ҳама ҳаводортарин аст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ”Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, асосҳои ҳукқуқӣ ва иҷтимоиву иқтисодии соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро ба танзим дароварда, фаъолиятро дар ин соҳа дар кишвар таъмин менамояд.
Гул Маҳбуба

28.10.2024 18:12
24