Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани марди 35-сола бо гумони қаллобӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 20-уми июли соли 2024, дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд бо роҳи фиреб ба боварии марди 40-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Мерседес ДЖЛ»-ро ба маблағи 395 ҳазор сомонӣ ба таври ғайринақдӣ (насия) нархгузорӣ карда гирифта, аз ин маблағи 180 ҳазор сомониашро пардохт намуда, боқибмонда маблағи 215 ҳазор сомониро то ҳол барнагардонида, автомашинаи мазкурро ба шахсони дигар ба фурӯш бароварда, маблағи бо роҳи фиреб ба дастовардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

28.10.2024 9:58
37