Ошкор шудани ташкили фоҳишахона дар ҳаммом
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои опертивӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 31-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона ё даллагӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, 24-уми октябри соли 2024, дар шаҳри Душанбе дар дохили ҳаммом барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз ҷавони 24-сола ва зани 30-солаи сокинони шаҳри Душанбе ҳақи хизмат 180 сомонӣ гирифтааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.