Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Даст ба ғоратгарӣ задани 3 нафар усто   

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 44-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 7-уми октябри соли 2024, тахминан соати 23:00, мардони 44, 36 ва 46-солаи сокинони шаҳри Кӯлобу ноҳияи Фархор, ки якеашон пеш бо моддаҳои 244 ва 248 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, якеи дигараш пеш бо моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудаанд, бо мақсади кор намудан ҳамчун усто вориди манзили истиқоматиаш шуда, бе ягон асос ӯро лату кӯб намуда, бо роҳи маҷбурӣ 1-адад  телефони мобилии тамғаи “Самсунг А-52”, ки арзишаш 3 ҳазор сомонӣ ва аз дохили ҳамёнаш ҳазор сомониро тасарруф намуда, 2-адад телевизор, ки арзишашон 13 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, шикаста аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 
Зарари расонидашуда 17 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

28.10.2024 9:35
33