Тасарруф намудани гӯшвори тиллоии духтарбачаи 7-сола
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонзани 23-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 16-уми октябри соли 2024, тахминан соати 15:30-дақиқа, дар назди бинои истиқоматиаш бо роҳи ошкоро аз гӯшҳои духтарбачаи 7-солаи сокини шаҳри мазкур як ҷуфт гӯшвори тиллоиро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 1 моддаи 248 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.