Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани соҳибкории ғайриқонунӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 43-солаи сокини шаҳри Истаравшан, соҳибкори инфиродӣ, корманди масъули ҶДММ «Фобос»-и шаҳри Истаравшан бо гумони соҳибкории ғайриқонунӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда, бо мақсади ба даст овардани фоида ба соҳибкории ғайриқонунӣ, яъне бидуни бақайдгирии давлатӣ ё бидуни иҷозатномаи махсус дар ҳолатҳое, ки чунин иҷозат (литсензия) ҳатмӣ мебошад, 25-уми сентябри соли 2024, дар ҳаҷми калон қуми сафед истихроҷ карда, онро ба мизоҷон фурӯхта, ба фаъолияти ғайриқонунӣ машғул шуда, андозҳои ҷориро ба маблағи 487 ҳазору 800 сомонӣ насупорида, ба буҷаи давлат зарари калони молиявӣ расонидааст. 
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 2 моддаи 259 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 

25.10.2024 16:45
52