Боздошти зани 51-сола барои таҳдиди куштан ва расонидани зарари вазнин ба саломатӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 51-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Расулов бо гумони таҳдиди куштан ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, 12-уми октябри соли 2024, тахминан соати 13:00, ба назди хонаи истиқоматии ҳамсояаш марди 26-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Расулов рафта, баҳсу мунозира намуда, дар як навбат гумонбаршаванда аз хонаи истиқоматиаш дар зарфи пласмасӣ моеъи сӯзишвории соляркаро гирифта, дар чӯби дарозиаш тахминан як метр латта баста, онро оташ зада, сипас ба тани ҷабрдида соляркаро пошида, тариқи оташ задан ба ӯ таҳдиди куштан кардааст.
Нисбати гумонбаршаванда, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 120 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.