Ифшо шудани дуздии телефони мобилӣ аз дохили автомашина
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 41-солаи сокини шаҳри Хуҷанд ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, 18-уми октябри соли 2024, тахминан соати 11:50-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи И.Сомонии шаҳри Хуҷанд қарор доштанаш, аз дохили автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс», ки ба марди 31-солаи сокини ноҳияи Деваштич тааллуқ дорад, 1-адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг А-24», ки арзишаш 3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.