Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қасдан оташ задани нуқтаи сӯзишворӣ  

Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 28-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, корманди ҶДММ «Ирис» НФС Газойли ноҳияи Б.Ғафуров, 20-уми октябри соли 2024, ҳангоми кору фаъолият намуданаш маблағи пулии ба миқдори 1 ҳазору 300 сомонии савдои сӯзишвориро, ки дар ихтиёраш буд, азонихуд намудааст.
Сипас, гумонбаршаванда 21-уми октябри соли 2024,  тахминан соати 05:00, ҳангоми қарор доштан дар ҷойи кораш дар назди худ мақсад гузоштааст, ки нуқтаи сӯзишвории дар боло зикргардидаро қасдан бо роҳи оташ задан несту нобуд месозад ва ба ҷойи нигоҳдошти сӯзишворӣ дохил шуда, онҷоро оташ задааст. 
Дар натиҷа, ба соҳибмулк марди 44-солаи сокини ноҳияи мазкур, директори ҶДММ «Ирис» НФС Газойл зарари ҷиддии моддӣ расонидааст. 
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 1 моддаи 245, қисми 3 моддаи 32 ва қисми 2 моддаи 255 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

24.10.2024 9:02
55