Дастгир гардидани марди 50-сола бо ҷурми қаллобӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 50-солаи сокини шаҳри Хуҷанд моҳи июни соли 2019, бо роҳи фиреб ба боварии марди 65-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, худро ҳамчун соҳибкор муаррифӣ намуда, бо баҳонаи аз Ҷумҳурии Туркия дастрас кардани зарфҳои пласмасӣ бо нархи арзон аз ӯ 8 ҳазору 200 доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивази маблағи пулӣ ҳар моҳ 5 фоиз фоидапулӣ медиҳад, аммо маблағи бо роҳи фиреб ба дастовардаашро ба манфиати худ сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.