Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ҷинояти солҳои пешин

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза пиразани 69-солаи сокини ноҳияи Ёвон муроҷиат намудааст, ки моҳи декабри соли 1992, шахсони номаълум ба хонаи истиқоматиаш даромада,  шавҳарашро бо роҳи зӯроварӣ ба автомашинаи тамғаи “ВАЗ 2106” савор карда, ба теппаҳои ҳудуди ноҳияи Ёвон бурда, бо истифода аз силоҳи оташфишони тамғаи автомати “Калашников” паронда ба ҳалокат расонидаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 57 ва 64-солаи сокинони ноҳияи Ёвон бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуданд, ки ҷинояти мазкурро бо ҳамроҳии “Холмумин” ном шахс, ки шахсияташ номаълум мебошад, содир намудаанд.
Нисбати гумонбаршавандагон парвандаи ҷиноятӣ бо модаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

24.10.2024 9:00
52