Рух додани ду ҳодисаи нақлиётии марговар аз беэҳтиётӣ
21-уми октябри соли 2024, тахминан соати 21:10-дақиқа, ронандаи мототсикли сечарха (моторолер) Каримов Дилшод Тураевич, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Кадучӣ ба самти ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ дар ҳудуди деҳаи Заркорони ҷамоати деҳоти М.Вайсов, аз уҳдаи идораи мототсиклаш набаромада ба самти муқобили роҳ баромада, ноболиғи дучархарон Холов Хайрандеш, соли таваллудаш 2007, сокини ноҳияи Восеъро пахш намуда, баъдан ба симчӯби канори роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Холов Х. ва худи ронандаи мототсикл Каримов Д.Т. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Баъдан ронандаи мототсикл Каримов Д.Т. дар онҷо ба ҳалокат расидааст.
21-уми октябри соли 2024, тахминан соати 07:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай Tucson”, Ҷалилов Холиёр Уроқович, соли таваллудаш 1964, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат дар деҳаи Чуқураки шаҳри Ҳисор шиносаш Амонқулов Маъруф Умарович, соли таваллудаш 1970, сокини шаҳри Ҳисорро дида, автомашинаро ба канори чапи роҳ монда, муҳаррикашро хомӯш накарда, бо рафиқаш ҳамсуҳбат шудааст.
Дар ин вақт автомашинаи мазкур ба қафо ҳаракат карда, худи ронанда ва рафиқашро пахш намудааст.
Дар натиҷа, Амонқулов М.У. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.