Гирифтани маблағ бо баҳонаи дастрас намудани автомашина
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 20-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршуда 16-уми сентябри соли 2024 бо роҳи фиреб ба боварии марди 36-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 265 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивази маблағи мазкур дар муддати кутоҳ ба ӯ автомашинаи тамғаи “Шакман” дастрас мекунад, аммо ӯ ваъдаашро иҷро накарда, маблағи мазкурро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.