Баргузории ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба коркарди лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи политсия"
22 октябри соли 2024 дар доираи Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025, дар "Меҳмонхона - истироҳатгоҳи лаёқатмандон", воқеъ дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ҷаласаи гуруҳи корӣ оид ба коркарди лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи политсия" баргузор гардид.
Ҷаласа, зери роҳбарии Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло баргузор гардида, дар кори он сардори Раёсати буҷети мудофиавӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Вазорати молия Азизи Ашуриён ва сардори Раёсати қонунгузории маданӣ ва мурофиавии Сарраёсати қонунгузории Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Воҳидзода Зафар, инчунин аъзоёни гуруҳи кории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Қисмати аввали рӯз меҳмонон бо мақсади ошноӣ пайдо намудан аз таъриху тамаддуни ноҳияи Ховалинг аз Осорхонаи таърихӣ - кишваршиносии ноҳияи Ховалинг ва Осорхонаи ҳунарманди машҳуру маҳбуби кишвар шодравон Ҷурабек Назрӣ дидан намуданд.
Тибқи нақша ҷаласаи гуруҳи корӣ то 26 октябри соли ҷорӣ идома меёбад.